Хабарҳо
Семинари омӯзишӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Баҳри тайёр намудани кадрҳои ҷавону болаёқати соҳаи бонкӣ, дар як зумра муасcисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, аз қабили Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд синфхонаҳои таълимии “Амонатбонк” бо тамоми шароити зарурӣ фаъолият менамоянд.
Форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озорбойҷон
Санаи 04 апрели соли 2023, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озорбойҷон баргузор гардид, ки дар ҳошияи он роҳбарияти КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶСК «Азер-Турк Банк»-и Ҷумҳурии Озорбойҷон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ ба имзо расониданд.
“Амонатбонк” ғолиби мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футболи хурд гардид.
Оғоз аз санаи 30-юми январ то 27-уми марти соли ҷорӣ мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид, ки дар он дастаи футболбозони “Амонатбонк” фаъолона ширкат варзиданд.
Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо Мудири тиҷорат ва ҳамкориҳои байналмилалии Оҷонсии байналмилалии Fitch ratings
Дар ҳошияи баргузории Форуми самоягузории Тоҷикистону Британияи Кабир санаи 29 марти соли 2023, Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» муҳтарам Икромӣ Сирочиддин Салом бо Мудири тиҷорат ва ҳамкориҳои байналмилалии Оҷонсии байналмилалии Fitch ratings хонум Катлин Плункет мулоқот баргузор намуданд.
Мулоқоти дуҷонибаи Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо Мудири иҷроияи кор бо институтҳои молиявии CITI BANK
Санаи 29 марти соли ҷори ҳайати расмии КВД БА ҶТ «Амонатбонк» таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом дар бинои марказии CITI BANK дар шаҳри Лондон бо Мудири иҷроияи кор бо институтҳои молиявии CITI BANK муҳтарам Азиз Рахман мулокот баргузор намуданд.